Наврӯзро дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба таври хосса ҷашн мегиранд

ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябри соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО Иди Наврӯз ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият ворид гардид. Сипас 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо дар аксар кишварҳои ҷаҳон Наврӯзи хуҷастапайро ба таври хосса ҷашн мегиранд. Оид ба махсусияти таҷлили Наврӯз дар баъзе аз давлатҳои ҳавзаи Наврӯз маълумот медиҳем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро расид, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хати экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Омодагӣ ба Наврӯз дар Тоҷикистон аз оғози фасли сол шуруъ мегардад. Маросими наврӯзӣ дар гӯшаю канори мамлакат ба таври хос гузаронида мешавад. Яке аз маъмултарини он ҷуфтбаророн мебошад. Он аз қадимтарин ойинҳои наврӯзӣ ба шумор меравад, зеро Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст. Ойини дигар обрезон ё хонатаконон аст. Яке аз маросими асосии ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон суманакпазӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Сайри наврӯзӣ низ аз дигар махсусияти ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин айём мардумон ҷашни баҳорро дар боғу чаман, лаби чашмаю рӯдхонаҳо, ки бо номҳои «идгоҳ» ва ё «сайргоҳ» маъруфанд, таҷлил менамоянд. Дар дастархон оростани ҳафт син ва ҳафт шин низ маъмул аст.
Барои варзишгарон бахши муҳими ҷашни Наврӯз- ин мусобиқаҳои варзишӣ мебошанд. Яъне, дар ин айём мусобиқаҳои гӯштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, бузкашӣ ва чавгонбозӣ баргузор мегарданд. Ба ғайр аз гӯштингирӣ дар деҳаҳо мусобиқаю бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкчанг, чилликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо доир карда мешаванд. Инчунин арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанд бозии дигар дар айёми фарорасии Наврӯз иҷро мешаванд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон
Дар Эрон омадани Наврӯзро мардуми деҳот ва шаҳрҳо пайки нек медонанд. Сокинон дар як лаълии калон шамъ меафрӯзанд ва миқдоре набот ва сабза мегузоранд ва ба хонаҳои мардум мераванд. Гурӯҳе аз онҳо лӯхтакеро ба шакли уштур, ки аз чӯб сохта шудааст, ба даст мегиранд ва овозҳои шодиовар ва наврӯзӣ мехонанд. Дар Наврӯз калонсолон ба хурдтарҳо туҳфаҳо ва ҳадяҳо медиҳанд, падару модар ва хешу табор низ ба якдигар ҳадя дода, сарҷамъ ба хонаи якдигар мераванд, кинаҳо ва қаҳрҳо ба дӯстӣ ва сулҳу сафою меҳрубонӣ табдил мешаванд.
Мардуми Эрон тибқи суннати деринаи наврӯзӣ рӯзи сенздаҳуми фарвардин ҳамагӣ аз хона ба саҳрову дашт ва боғу роғ мераванд ва Наврӯзро дар байни сабзазорону кӯҳсорон таҷлил менамоянд.
Ҷумҳурии Узбекистон
Дар ин давлат Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад. Дар шаҳрҳои Бухорою Самарқанд ва бархе минтақаҳо бо номи «Шаби оташафрӯз» ид баргузор мегардад. Ҳамчунин «Кушоиши қуфли бахт» аз суннатҳои дигари наврӯзӣ ба шумор меравад. Дӯшизагон субҳ қуфли бастаро бо худ гирифта, ба берун мебароянд ва аз мусофирони роҳ хоҳиш менамоянд, ки онро боз кунанд. Агар раҳгузари аввал ҷавонмарде хуб бошад, аз ин фоли накӯ мегиранд.
Дар Узбекистон низ дар ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Туркманистон
Дар ин давлат ҷашн як моҳ қабл аз Наврӯз оғоз меёбад. Мардум либосҳои нав дӯхта, ба тан мепӯшанд, дастархони наврӯзӣ омода месозанд, ба ниёзмандон ёрӣ мерасонанд. Ҷашнро деҳа-деҳа истиқбол мегиранд, касе бе ҳадяи наврӯзӣ намемонад. Дар кӯчаю наврӯзгоҳҳо таомҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишии миллӣ доир мегарданд. Аз болои гулхани наврӯзӣ ҷаҳидани аҳли деҳа бо нияти нек, субҳи Наврӯз нӯшидани як ҷуръа шири навдӯшида низ аз русуми қадимии туркманҳо мебошад. Суманак аз таомҳои лазизи ин мардум аст. Онро монанди тоҷикон аз майсаи навдамидаи гандум мепазанд ва новрӯз — ярма ном мебаранд.
Ҷумҳурии Озарбойҷон
Ҷаҳидан аз болои оташ барои ҳар озарӣ ҳатмӣ аст ва он яке аз оинҳои наврӯзист. Аз майсаи гандум суманак мепазанд ва онро «саманӣ», маросими пухтани онро «Саманӣ туйу» меноманд.
Ба ривояти озарӣ, қабл аз Наврӯз (ё ҳамон рӯз) шинонидани ниҳол, бахусус тут, анҷир ва булут амали хайр аст. Покиза намудани хона, шамъ даргирондан, аз хона бурун рафтан, дар назди тирезаи кушода истодан, дар шохи барзаговон матои сурх бастан, чавгонбозӣ аз болои асп, ба дӯстон фиристодани ҳадяҳо, то саҳар дар гирди гулхан сурудану рақсидан, оростани дастархони идона ва пухтани таомҳои миллӣ аз анъанаҳои наврӯзии озариҳо мебошанд.
Ҷумҳурии Қирғизистон
Дар ин сарзамин Наврӯз субҳи 21 март оғоз мегардад. Наврӯзро дар пойтахт ва дар деҳот аҳолии деҳа бо дуои пирони солхӯрда таҷлил менамоянд.
Дар рӯзи Наврӯз мардуми қирғиз бозиҳои варзишӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва адабӣ доир менамоянд. Ҷавонон дар деҳот ба аспдавонӣ машғул мешаванд. Дар шаҳрҳои Бишкек, Ҷалолобод, Ӯш ва Талас бозори фурӯши маҳсулот доир мегардад. Занон дар ин рӯз таомҳои наврӯзӣ пухта, ба наздикону дӯстони худ ҳамчун ғизои идона тақдим менамоянд.
Ҷумҳурии Қазоқистон
Дар ин сарзамин 22 март барои сазовор таҷлил намудани Наврӯз мардум ба кӯча баромада, ин идро бо хусусияти ба худ хос таҷлил менамоянд. Барои истиқболи Наврӯз суманак пухта, дар ҳафт зарф, ки ранги сафед доранд, гирифта, ба мардум тақсим мекунанд. Базм ороста шодӣ менамоянд. Дар баробари базм боз мусобиқаи аспдавонӣ доир мегардад.
Мардуми қазоқ дар арафаи иди Наврӯз зарфҳои кӯҳнаро мешикананд, либоси нави идона ба бар карда, ба якдигар гул ҳадя менамоянд. Ҳамчун рамзи рӯшноӣ дар девори хонаҳояшон расмҳо мекашанд, ки шабеҳи Офтоб аст.
Наврӯз дар Покистон
Рӯзи аввали Наврӯзро мардуми покистонӣ «Олами рӯшноӣ» номида, бар он боваранд, ки бо омадани Наврӯз олам мунаввар мегардад. Дар Покистон ҳангоми фарорасии иди Наврӯз шаби шеъру суруд ва рақс баргузор мегардад. Наврӯз дар байни мардум «Ҷашни гули сурх» ва дар тақвими расмӣ «Иди Наврӯз» номида мешавад. Дар Покистон дар Наврӯз сокинон хони идона меороянд.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз