Оид ба нақши занон дар рушди фарҳангу санъати тасвирӣ ҳамоиши идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан соҳаи маориф ба фаъолияти пурсамар машғул буда, дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолу бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Ин матлабро 4 март зимни ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Модар ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода баён намуд.
Иброз гардид, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басе бузург аст. Бо ташаббус ва ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд тадбирҳои мушаххас, қабул намудани барномаи давлатӣ оид ба ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯдухтарон, ҷудо намудани гранти президентӣ барои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қабули духтарон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ амалӣ мешавад.
Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова иброз дошт, ки имрӯз фаъолияти занон дар пешбурди соҳаи санъати тасвирӣ низ шоиста арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, дар пешбурди кори Иттифоқи рассомон ва бахшу шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии он занон мақоми густурда доранд, ки ин аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми фарҳангу санъати мамлакат дарак медиҳад.
Занону модарони тоҷик, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ҳаёт умр ба сар мебаранд, бояд донишу малака ва ҳунару истеъдоди худро барои пешрафту шукуфоии Ватан сарф намоянд.
Дастаи ҳунармандони Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба хотири гиромидошти Зан-Модар барномаи фарҳангии иборат аз рақсу суруд ва саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш доданд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






