Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»

Март 21, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд». Чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ.

Дар Паёми наврӯзи Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст. «Маҳз расму ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои ориёӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргон, ки дар кишвари мо аз баракати соҳибистиқлолӣ эҳё гардидаанд, омили пойдориву мондагории арзишҳои милливу фарҳангӣ ва илмиву адабии мардуми ориёитабор дар саҳифаҳои таърих мебошанд. Бинобар ин, ҳар  фарди ватандӯст ва бонангу номус дар ҳифзи ин суннату анъанаҳо ва баргузории шоистаи ҷашнҳои бостонии мардумӣ бояд саҳм гузорад», — иброз доштаанд Пешвои миллат дар Паёми наврӯзӣ.

Бо ишора ба суннатҳои ҷаҳонии ин ҷашни ниёгон Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Наврӯз дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон на танҳо ҳамчун ҷашни фарҳангиву мардумӣ, балки ба сифати суннати муҳимми эҳёи табиат ва талош барои фаровонӣ азизу гиромӣ дониста мешавад. Яъне Наврӯз ҷашни пайванди инсон бо табиат буда, одамонро ба амалҳои созандаву ободгарона талқин мекунад ва ба онҳо илҳому неру мебахшад. Ин аст, ки мардуми заҳматпешаи мо баъд аз ҷашни Сада ва дар арафаи Наврӯз тибқи анъанаи гузаштагонамон омодагиро ба корҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла кишоварзӣ ва ниҳолшинонӣ вусъат мебахшанд. Доир ба ин масъала ман зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» гуфта будам, ки дар доираи иҷрои «Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040» бояд зиёда аз ду миллиард бех ниҳол шинонида шавад».

Март 21, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
НАВРӮЗ – ҶАШНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН. Он чун мероси фарҳангии башарият арзиши бузург дорад
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир шуд
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид