Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд». Чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ.
Дар Паёми наврӯзи Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст. «Маҳз расму ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои ориёӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргон, ки дар кишвари мо аз баракати соҳибистиқлолӣ эҳё гардидаанд, омили пойдориву мондагории арзишҳои милливу фарҳангӣ ва илмиву адабии мардуми ориёитабор дар саҳифаҳои таърих мебошанд. Бинобар ин, ҳар фарди ватандӯст ва бонангу номус дар ҳифзи ин суннату анъанаҳо ва баргузории шоистаи ҷашнҳои бостонии мардумӣ бояд саҳм гузорад», — иброз доштаанд Пешвои миллат дар Паёми наврӯзӣ.
Бо ишора ба суннатҳои ҷаҳонии ин ҷашни ниёгон Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Наврӯз дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон на танҳо ҳамчун ҷашни фарҳангиву мардумӣ, балки ба сифати суннати муҳимми эҳёи табиат ва талош барои фаровонӣ азизу гиромӣ дониста мешавад. Яъне Наврӯз ҷашни пайванди инсон бо табиат буда, одамонро ба амалҳои созандаву ободгарона талқин мекунад ва ба онҳо илҳому неру мебахшад. Ин аст, ки мардуми заҳматпешаи мо баъд аз ҷашни Сада ва дар арафаи Наврӯз тибқи анъанаи гузаштагонамон омодагиро ба корҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла кишоварзӣ ва ниҳолшинонӣ вусъат мебахшанд. Доир ба ин масъала ман зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» гуфта будам, ки дар доираи иҷрои «Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040» бояд зиёда аз ду миллиард бех ниҳол шинонида шавад».








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд






