Тавсеаи ҳамкории кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд баррасӣ гардид

Март 13, 2025 15:23

ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон, хусусан доир намудани машварати кишоварзони Тоҷикистон ва Узбекистон зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов дар Тошканд баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо масъалаҳои дастрас намудани чигити аълосифат, навъҳои тухмии гандуму шолӣ, ниҳолҳои тут, техникаҳои зарурии кишоварзӣ, ба анҷом расонидани корҳо дар самти бунёди «Боғи дӯстӣ», суръатбахшии раванди сохтмони корхонаи «Абрешим», бунёди боғи таҷрибавӣ дар вилояти Суғд, инчунин ҳамкорӣ бо кишоварзони вилояти Хатлонро баррасӣ намуданд.

Дар анҷом мусоҳибон аз раванди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда барои рушди он саъю кӯшиш менамоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Март 13, 2025 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд