«Тоҷикаэронавигатсия» ва «Қирғизаэронавигатсия» ҳамкориро тақвият мебахшанд

Март 18, 2025 11:53

ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва Корхонаи давлатии «Қирғизаэронавигатсия» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронаивгатсия».

Санади ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода ва аз ҷониби Қирғизистон директори генералии Корхонаи давлатии «Қирғизаэронавигатсия» Торокелдӣ Омуров ба имзо расонданд.

Имзои сандаи ҳамкорӣ натиҷаи гуфтушуниди муваффақонаи Сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров мебошад.


Ҳамзамон ҳайати «Тоҷикаэронавигатсия» бо роҳбарият ва мутахассисони «Қирғизаэронавигатсия» мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба барқарор намудани ҳамкорӣ дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ, аз ҷумла ҳамкории Раёсатҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ва марказҳои авиатсионии метеорологии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва Корхонаи давлатии «Қирғизаэронавигатсия»-ро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо истифода аз фазои сулҳу ваҳдат минбаъд ҳамкории дуҷонибаи корхонаҳои аэронавигатсиониро тақвият мебахшанд.

Ҳамзамон намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо манораи муназзимии «Қирғизаэронавигатсия» ва раванди таъмини хизматрасонии аэронавигатсионии кишвари ҳамсоя шинос шуданд. Барқарор намудани ҳамкории корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба рушди соҳаи авиатсияи ҳарду давлат такони ҷиддӣ бахшида, барои афзоиши парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»

Март 18, 2025 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад