35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистон сохта мешавад

Апрель 20, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншооти таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар соҳаи маориф сохтмони иншоот, аз ҷумла мактаб, синфхонаҳои иловагӣ  ва кӯдакистонҳо  бомаром идома дорад. Айни замон бунёди бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 дар шаҳраки Бӯстон барои 1000 хонанда дар ду баст оғоз гардидааст. Дар баробари ин, дар асоси нақшаи генералии шаҳрак, сохтмони меҳмонхона, марказҳои савдо ва ошхонаҳои миллӣ оғоз гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 45 гурӯҳи инкишофи кӯдак фаъолият доранд. Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот сохтмони кӯдакистонҳо  идома доранд.

Дар ноҳия сохтмони бинои нави кӯдакистони рақами 4 оғоз  шудааст, ки дар он барои таълиму тарбияи то 300 кӯдак шароити мусоид муҳайё мегардад.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ,  бинои беморхонаи марказии ноҳия сохта мешавад. Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 250 кат пешбинӣ шудааст. Беморхона  бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз хоҳад гардид.

Айни замон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаъфар» сохтмони корхонаи истеҳсоли хишт ҷараён дорад.  Ин корхона дар оянда барои таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ саҳм хоҳад гузошт.

Ҳамчунин дар шаҳраки Бӯстони ноҳия маркази савдои замонавии «Осиё» сохта мешавад. Марказ аз ду ошёна иборат буда, дар қабати аввал фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар қабати дуюм фурӯши техника ва таҷҳизоти маишӣ дар назар аст.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Апрель 20, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд