35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоатҳо ва шаҳраки ноҳияи Мурғоб иншооти ҷашнӣ бунёд мешаванд

Апрель 3, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ намудани тарҳи «Электрофикатсияи деҳот дар Тоҷикистон» дар ноҳияи дурдасти Мурғоб сохтмони хати барқи 10-04 Кв, насбкунии ҳисобкунакҳо ва насби ноқилҳои барқӣ дар дохили хонаҳо дар деҳаҳои Аличур, Чечекти, Башгумбез, Булункул ва Харгушӣ ба охир расид. Дар деҳаҳои Тохтамиш, Шаймоқ, Рангкул ва Қаракул сохтмони хати барқи 10-04 кв идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб иттилоъ медиҳад.

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тохтамиши ҷамоати Қизилработ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ин иншооти ҷашнӣ дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Инчунин дар маркази ноҳия сохтмони пули пиёдагард дар  мавзеи Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни Ваҳдати миллӣ он ҳам ба истифода дода хоҳад шуд.

Ҳамзамон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар 1 гектар майдони назди бинои Мактаб-интернати деҳаи Шаймоқ сабзу хуррам гардонида мешавад ва бо ин мақсад 400 метр симтӯр бо пояҳояш дастрас гардид.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мурғоб сафар намуда, дар  ҷамоатҳои деҳоти Бердибаев, Қизилработ, Рангкул, Аличур ва шаҳраки Мурғоби ноҳияи Мурғоб бо раванди корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Инчунин бо масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суҳбат намуданд.

     АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд