35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Панҷакент 656 иншоот ба истифода дода шуд

Апрель 5, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 984 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ин муддат 656 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, аз ҷумла бо саҳми ҷавонони фаъол дар деҳаи Марғедари Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ сохтмони маҷмааи варзишӣ ва истироҳатӣ, дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Лоиқ бо сармоягузории соҳибкорону сокинони деҳа ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳр кӯдакистон сохта мешавад.

Ҳоло дар қисмати шарқии шаҳр сохтмони маҷмааи фарҳангию истироҳатии Боғи Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар он гузоштани муҷассамаи муаллифи «Шоҳнома»-и безавол, барелефҳо бо тарҳи қаҳрамонони ин шоҳасар ва гулгаштҳо пешбинӣ шудааст, идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Апрель 5, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд