Ҳайати комиссияи ҳукуматӣ бо мавзеъҳои сабзазоркунии вазорату идораҳо дар Душанбе ва навоҳии атрофи он шинос шуд

Апрель 14, 2025 13:14

ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мавзеъҳои сабзазоркунӣ дар талу теппаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027 ба вазорату идора, корхона ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ барои ниҳолшинонӣ вобаста карда шудаанд, шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳайати комиссия бо корҳои сабзазоркунӣ, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти гумрук, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан» ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб анҷом дода шудаанд, шинос шуд. Ҳамзамон барои нигоҳубину беосеб парвариш намудани ниҳолҳо ва таъмини сабзиши минбаъдаи онҳо ба масъулини вазорату идораҳо, корхона ва ташкилоту муассисаҳои марбута дастурҳои мушаххас ва тавсияҳои муфид дода шуданд.

Комиссияи ҳукуматӣ инчунин бо ҷараёни корҳо дар самти ташкили хоҷагии ниҳолпарварии мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат аз наздик шинос шуда, барои дар сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳо ва фаъолияти босамари ниҳолхона маслиҳат дод.

Шиносоии ҳайати комиссияи ҳукуматӣ ба иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ва татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027 рабт дода мешавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 14, 2025 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад