Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ дар бораи натиҷаҳои соли 2024 баргузор гардид

Апрель 25, 2025 14:21

ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 фоиз то 20,4   фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2550 км роҳ, беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидори нави энергетикӣ, 3670 муассисаи нави таълимӣ ва 3076 муассисаи нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ин нукта дар ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи натиҷаҳои соли 2024 ва баррасии нақшаи солонаи Чаҳорчӯби ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор барои соли 2025, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ баргузор гардид, таъкид карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷаласа  таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами баргузор гардида, дар он роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид — аъзои гурӯҳҳои натиҷавии Чаҳорчӯби ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор  иштирок намуданд.

Завқӣ Завқизода  афзуд, ки таҳти сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушди мамлакат устувории иқтисодӣ таъмин шуда, Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва комёбиҳои беназир ноил гардид. Аз ҷумла, новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми   стратегияву барномаҳои давлатӣ, бахусус «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» танҳо дар 10 соли охир маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард  сомонии соли 2014 то 153,4 миллиард сомонӣ дар соли 2024 ё 3,4 маротиба, маҷмуи

маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 5,5 ҳазор сомонии соли 2014 то 14,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2024 ё 2,7 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 24,2 миллиард сомонии соли 2014 то 147 миллиард  сомонӣ дар соли 2024 ё 6,1 маротиба зиёд гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони намояндагиҳои оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид натиҷаҳои фаъолияти муштарак вобаста ба натиҷаҳои ҳисоботи солонаи Созмони Милали Муттаҳид дар 2024 ва баррасии нақшаи солонаи Чаҳорчӯби ҳамкориро барои соли 2025 муаррифӣ намуданд. Вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор доир шуда, таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Намояндагони шарикони рушд ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро барои афзоиш додани кумаку дастгириҳо дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.

Дар анҷом аз ҷониби Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуда, барои тақвияти ҳамкории мутақобили босамар бо оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд изҳори омодагӣ гардид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 25, 2025 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна гандум ворид карда шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун кишти картошка идома дорад
Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 14,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд
Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад зиёд гардид
Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд
EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид