Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик доир ба дурнамои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва оғози Ҳафтаи илм имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия: дурнамо ва имконият», ки ҳамзамон ба оғози Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030) рост меояд, конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода иброз дошт, ки «Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи басе муҳим ва масъулиятбори рушди босуботи иқтисодӣ қарор дошта, таъмини ин раванди созанда бевосита ба дониш, маърифат, навовариҳо ва татбиқи технологияҳои муосир вобаста аст. Бо назардошти таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши илм ва технология дар рақобатпазирии миллӣ донишгоҳ ҳадаф дорад, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисос, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва робитаи илм бо истеҳсолот саҳми муассир гузорад».
Убайдулло Асрорзода изҳори умед намуд, ки натиҷаҳои ин конфронс барои рушди минбаъдаи илмҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар конфронс директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории донишгоҳ дар мавзуи «Тамоюлҳои инноватсионӣ дар истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳӣ ва соҳибкории меҳмонхонаҳо», инчунин олимони донишгоҳҳои Покистон ва Британияи Кабир доир ба ҷанбаҳои гуногуни робита байни технологияҳои зеҳни сунъӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, робита байни рушди низоми молиявӣ ва густариши соҳибкорӣ дар кишварҳои дорои иқтисодиёти гузариш бо такя ба таҳқиқоти муосир ва ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва логистика дар шаклгирии фазои нави савдои Британия сухан намуданд.
Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 14 то 28 апрел идома меёбад. Дар доираи он баргузории беш аз 160 чорабинии илмӣ, аз қабили семинарҳо, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмӣ, конфронсҳои омӯзгорону донишҷӯён, нашри мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳо ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, инчунин чопи маводи илмӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






