Барандагони Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод»-ҷоизаи асосии башардӯстонаи ИДМ эълон шуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуро оид ба супоридани Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барандагони ҷоизаи асосии башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2024-ро эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
Ҷоиза ҳамасола ба намояндагони давлатҳои Иттиҳод барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва ба рушди ҳар як кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар маҷмуъ ба тамоми Иттиҳод мусоидат менамояд, дода мешавад.
Маблағи мукофот 2 миллион рублро ташкил медиҳад.
Имсол барои дарёфти ҷоизаи олӣ 15 номзад аз 8 давлат рақобат намуданд. Бо қарори ҳакамон, ки ба ҳайати он чеҳраҳои маъруфи фарҳангу маориф аз тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил буданд, ҷоизаҳо ба ҳафт довталаб дода шуданд.
Барандагони ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» дар бахши «Барои саҳми барҷаста дар фарҳанг ва санъат» инҳо гардиданд:
Эдуард ТАДЕВОСЯН (Арманистон) – Ҳунарпешаи халқии Арманистон, профессори Консерваторияи давлатии Ереван, роҳбари квартет ба номи Комитас;
Елена АТРАШКЕВИЧ (Беларус) – оҳангсоз, раиси Иттифоқи композиторони Беларус, омӯзгори Коллеҷи санъати Минск;
Айжан БЕККУЛОВА (Қазоқистон) — коршиноси Кумитаи миллии мероси ғайримоддӣ, раиси Иттифоқи ҳунармандони Қазоқистон;
Денис МАТСУЕВ (Русия) – пианинонавоз, Ҳунарпешаи халқии Русия, яккахони Филармонияи давлатии Москва;
Рустам САГДУЛЛОЕВ (Узбекистон) — Артисти хизматнишондодаи Узбекистон, профессори фахрии филиали Донишгоҳи умумирусиягии кинематография ба номи С.Герасимов дар Тошканд.
Дар номинатсия «Барои саҳм ва дастовардҳои барҷаста дар илму маориф» инҳо баранда гардиданд:
Азиз АЛИЕВ (Озарбойҷон) — профессор, ректори филиали Якумин Донишгоҳи тиббии Москва ба номи И. Сеченов дар Боку;
Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА (Тоҷикистон) – академик, профессори кафедраи адабиёти тоҷику форси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар номинатсия «Барои саҳми барҷаста дар фаъолияти башардӯстона» инҳо баранда гардиданд:
Тугелбой КАЗАКОВ (Қирғизистон) — Артисти халқии Қирғизистон, раиси комиссия оид ба мукофотҳои давлатӣ, раиси Иттифоқи ходимони мусиқӣ.
Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба барандагон 14 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил








Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд






