БАРНОМАИ «КИШВАРИ САБЗ». Дар ноҳияи Айнӣ дар 0,80 гектар ниҳолхона ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи «Кишвари сабз» ва бо мақсади васеъ намудани майдони ҷангалзор ва барқарорсозии қитъаҳои хушкгардидаи ҷангал дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ дар 0,80 гектар ниҳолхона ташкил гардид. Дар он қаламчаи намудҳои гуногуни дарахтони ороишию сояафкан ва донаи дарахтони мевадиҳандаро шинонидаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иттилоъ медиҳад.
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ мутаносибан 80-килограммӣ донаи шафтолу, зардолу ва чормағз, 10-килограммӣ донаи олуча, туғдона ва дуб, 45-килограммӣ донаи бодом ва 12 ҳазору 500 бех қаламчаи сафедор шинонида шуд.
Дар хоҷагии ҷангал ба парвариши ниҳолҳои ороишию сояафкан низ диққати махсус дода мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ вобаста ба серталаб будани меваи хуч ният доранд, ки майдони хучзорро васеъ намоянд. Вобаста ба ин дар хоҷагӣ парвариш ва бунёди хучзор ба нақша гирифта шуда, дар як қитъаи ниҳолхона қаламчаҳои навъи беҳтарини хуч парвариш карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки бо каме гарм шудани ҳаво кормандони Муассисаи хоҷагии ҷангал мақсад доранд бунёду барқарорсозии ҷангалзор ва дар қитъаи алоҳида васеъ намудани майдони хучзорро оғоз намоянд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар оянда майдони ниҳолхонаҳо дар ноҳия зиёд гардонида мешавад. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии ҷангали ноҳия роҳбарияти ноҳияи Айнӣ ба масъулон тавсия доданд, ки доир ба амалисозии «Барномаи сабзгардонӣ, зиёд намудани ниҳолхонаҳо ва таъмин намудани ноҳия бо ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
То охири соли 2027 дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Кишвари сабз» дар ҳазорҳо гектар ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд






