Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст. Айни замон масоҳати боғи павловния дар ноҳия 4,20 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда барои васеъ кардани майдони боғи павловния тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Айни ҳол парвариши павловния дар масоҳати 2,5 гектар дар хоҷагии деҳқонии «Фаррух-2000», ки дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ҷойгир аст, ба роҳ монда шудааст.
Дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» роҳбари хоҷагӣ Хизматуллоҳ Фаёзов изҳор дошт, ки парвариши павловния ба иқлими ноҳия созгор буда, ниҳолони он аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст.
«Дар як гектар даҳ ҳазор ниҳол шинонида шудааст. Ният дорем, ки аз моҳи март ҳар як ниҳоли онро боз ба замини дигар кӯчонида, дар ин баробар аз ҳар як решаи он то ду се ниҳоли кӯчат бурида гирифта, дар қуттиҳои махсус парвариш намоем. Ин дарахт хусусияти зуд барқароршавӣ дорад, ки пас аз бурида гирифтани якчанд решаи он ба зудӣ месабзад», -афзуд номбурда.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, аз моҳи феврал сар карда, ҳар як дарахти павловнияро аз сари нав шинонида, дар ҳар ду метр масофа мегузоранд. Зеро павловния дар алоҳидагӣ ва бештар рӯшноӣ хубтар сабзида, қитъаи кушодро дӯст медорад, дар намии муътадил нашъунамои хуб мекунад, дар ҳолати оби зиёд додан метавонад пажмурда шуда, хушк шаванд. Баъди оне, ки дарахт пурра инкишоф ёфт, он бурида шуда, решаҳои бозмондаи он имкон доранд аз сари нав пурра сабзанд.
Хоҷагӣ бо мутахассисону олимон ҳамкорӣ дорад ва барои парваришу нигоҳубини он дастурҳои онҳоро истифода мебарад. Бояд гуфт, ки дар ин баробар дарахти павловния ороишӣ ҳам буда, айни замон он дар шоҳроҳи ноҳия, назди муассисаву ташкилотҳо низ шинонида шудааст.
Ҳамзамон Хизматуллоҳ Фаёзов иброз намуд, ки аз ноҳияҳои гирду атроф омада, аз онҳо ниҳолони ин «дарахти муъҷизанок»-ро харидорӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки дарахти павловния дар панҷ сол метавонад ба чӯби корӣ табдил ёфта, ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ гардад. Чӯби павловния сабук ҳам бошад, каҷ намешавад, аз дигар чӯбҳо сахттар аст. Онро асосан барои сохтани ҷевон, дару тиреза ва ғайра истифода мебаранд, инчунин барои кандакорӣ кардан ҳам қулай аст.
«Дар муддати ду сол таҷриба кардем, ки баргҳои он барои хӯроки чорво ғизои хуб ба шумор меравад, аз шакли тар дида, шакли хушки онро чорво бештар истеъмол менамояд, ки дар ин ҳолат метавон аз барги он захираи хӯроки чорворо таҳия намуд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Инчунин ҳангоми гулкунии он метавон асали хушсифат ба даст овард. Ба андешаи мутахассисон, аз як гектар боғи павловния метавон то як тонна асал ба даст овард. Павловния дар истеҳсолот бартарияту хусусиятҳои зиёд дорад ва он имрӯз бештар дар давлатҳои пешрафта парвариш карда шуда, содироти он даромади зиёд меорад.
Лозим ба ёдоварист, ки павловния зиёда аз 20 намуд мешавад, ки аксар вақт бинобар шароити сабзиш баландӣ ва баргҳои он аз ҳам фарқ мекунанд.
Хизматуллоҳ Фаёзов таъкид намуд, ки ҳарчанд хоҷагии онҳо дар самти парвариши павловния таҷрибаи зиёд надошта бошад ҳам, аммо аллакай онҳо тавонистаанд, ки як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо ниҳолони парваришкардаи худ таъмин созанд. Дар оянда низ кӯшиш менамоянд, ки масоҳати боғро зиёд намуда, ҳаҷми истеҳсоли онро афзун гардонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд






