Дар Бонки миллии Тоҷикистон Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди бозори молиявӣ дар меҳвари мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор қарор гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо дар доираи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми суғуртаи мамлакат ва рушди хизматрасониҳои суғуртавӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, натиҷаҳои дар ин самт ноилшуда ва нақшаҳои оянда табодули назар намуданд.
Зимни баррасии барномаи ислоҳоти низоми суғурта гуфта шуд, ки бозори суғуртаи мамлакат ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи низоми молиявӣ солҳои охир рушд менамояд. Ташаббусҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт ба коҳиши осебпазирии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги суғурта дар байни аҳолӣ равона шудаанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи ин ислоҳот татбиқи стандартҳои нави ҳисоботдиҳӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоиди қонунгузорӣ аз самтҳои афзалиятнок дониста мешавад.
Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат дар самти амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ табодули афкор намуда, барои тавсеаи ин соҳаҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот гуфта шуд, ки ташрифи ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи шарҳи дуюми Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат барои тақвияти ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор рӯйдоди муҳим буда, ба рушди бахши молиявии мамлакат мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






