Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо Тоҷикистонро 13 варзишгар муаррифӣ менамояд

Апрель 4, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Бангкоки Тайиланд баргузор мегардад, аз Тоҷикистон 13 ҷудочӣ  иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чемпионат аз 25 то 27 апрел баргузор гардида, дар он дар байни мардон дар вазни то 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, дар вазни то 66 кг Обид Ҷебов, Эмомалии Нуралӣ, дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров, дар вазни то 81 кг Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кг Умедҷон Раҷабов, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, дар вазни ҷамъи 100 кг Темур Раҳимов ва дар байни духтарон дар вазни то 48 кг Аҳлия Муминова, дар вазни то 52 кг Мадина Қурбонзода, дар вазни то 57 кг Александра Кан ва дар вазни ҷамъи 78 кг Виктория Киселёва рақобат менамоянд.

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон  бо мақсади омодагӣ ба Чемпионати Осиё ва Гранд Слами Душанбе аз 26 март то 12 апрел дар ҷамъомади байналмилалии таълимӣ-тамринӣ дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок менамояд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Апрель 4, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд