Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба имзои Эъломияи Хуҷанд ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ва нақши он дар таҳкими ҳамкории дӯстонаи давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода аз иқдоми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазо, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ аз иқдоме мебошанд, ки рамзи сулҳ, ваҳдат, инсондӯстӣ ва пешрафти давлату минтақа ба ҳисоб мераванд.
Иброз гардид, ки Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ барои рушди ҳамкории минбаъда шароити мусоид фароҳам меорад. Он марҳилаи нав дар раванди таърихии ҳамкории минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «мо ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем. Бо ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика афзалияти комил хоҳем дод».
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






