Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба Эъломияи Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Эъломияи Хуҷанд дорои аҳамияти баланди сиёсӣ ва таърихӣ аст. Имрӯз ҳама талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудаанд, ки ин таҷрибаи созандаи таърихиро наслҳои имрӯзаву оянда истифода намоянд. Зеро рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории зичи мардумону давлатҳои ҳамсоя дар ҳамаи соҳаҳои манфиатҳои муштарак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин матлаб 4 апрел дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зимни Ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳамрайъӣ аз Эъломияи Хуҷанд: дӯстии абадӣ — омили осудаҳолӣ ва рушди давлатҳо» баён гардид.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки ҳамоиши имрӯза дар партави баргузории чорабинии муҳим-саммити сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки 31 март дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, баргузор мегардад.
— Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «мо ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем. Бо ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика афзалияти комил хоҳем дод», -иқтибос овард аз суханони Сарвари давлат Зоир Раҳмонзода.
Таъкид шуд, ки натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони се давлати ҳамсоя ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни давлатҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки ин руйдоди фараҳбахши таърихӣ дар воситаҳои ахбори оммави хориҷию ватанӣ васеъ инъикос гардида, ҳамовозии зиёд пайдо намуд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид






