Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд

Апрель 9, 2025 18:45

ДУШАНБЕ, 09.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо тамоми унсурҳои миллӣ ва бо иштироки намояндагони 18 давлати дунё таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.

Ҳайати меҳмонон дар майдони ҷашнгоҳи наврӯзии донишкада бо гӯшаҳои намоишӣ шинос шуда, ба намоиши таомҳои миллӣ, хони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ баҳои баланд дод.

Базми идона бо садои карнаю сурнай ва оҳангҳои ҷаззоби баҳорӣ оғоз ёфта, зимни ифтитоҳи он Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни ҷаҳонӣ аст. Зеро дар расму оинҳои он зебоӣ, ишқ ва ободкорӣ талқин карда мешавад.

Ҳамзамон байни меҳмонону иштирокчиёни барнома бозиҳои гуногуни варзишӣ доир шуданд.

АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов

Апрель 9, 2025 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад
Дар Душанбе ҳамоиши тантанавии «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид