Дар Душанбе ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 11 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори ҳамвораӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои гуногуни соҳаи алоқаи барқии мамлакат, танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ баррасӣ гардида, ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ дар чанд бахш гузаронида мешавад.
Инчунин дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» ва Намоишгоҳи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор мегардад.
Ба ҷаласа иштирокчиён аз 19 давлати ҷаҳон ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) дават гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ ҳар сол ду маротиба дар тамоми давлатҳои аъзо ҷаласа баргузор менамояд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






