Дар Хатлон масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ карда шуд

Апрель 23, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергияи “сабз”, коркарди пахта ва таъсиси ҷойи нави кор имрӯз зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, фарҳангу гуманитарӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикӣ дар вилоят зарур шуморида шуд.

Гуфта шуд, ки 15 ширкати бузурги олмонӣ дар бахшҳои гуногуни  Тоҷикистон  фаъолият доранд.  Дар нақша аст, ки сармоягузории ин ширкатҳо  дар соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо бештар гардад.

Соҳибкорону сармоягузорон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда саҳми муносиб гузоранд. Зеро дар вилояти Хатлон фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, бунёди корхонаҳои муштарак бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва технологияи навтарин ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

Апрель 23, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?