Дар Ҳисор як саги бесоҳиб ба 8 нафар осеб расонид, ки 5 нафари он кӯдакон мебошанд
ҲИСОР, 20.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрели соли равон дар деҳаи Зиракӣ ва Гулисурхи шаҳри Ҳисор як саги номаълум ба ҳашт нафар кӯдакону калонсолон осеби ҷиддӣ расонидааст, ки инҳо Амирҷон Мирзозода, соли таваллудаш 2016, Имронҷон Қурбонзода, соли таваллудаш 2023, Абубакри Зикриё, соли таваллудаш 2018, Ҳабибулло Абдурашидзода, соли таваллудаш 2010, Табассум Қурбонова, соли таваллудаш 2011 ва се нафар калонсолон мебошанд, ки сари вақт дар Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор бистарӣ гардида, ба табобат фаро гирифта шуданд ва сиҳату саломат ба хона баргаштанд. Дар ин хусус мудири нуқтаи осебшиносии Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Набиҷон Қобилов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Ҳарчанд кӯшиш намудем, ки аз роҳбарияти Маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳри Ҳисор вобаста ба рух додани ин ҳодиса ва муайян гардидани сагу ба кадом бемориҳо гирифтор будани он маълумот гирем, вале масъулин ба зангҳои телефонии мо ҷавоб надоданд ва мо маълумоти заруриро дастрас карда натавонистем.
Зиёд гардидани сагҳои бесоҳиб дар деҳот ва осебрасонии онҳо яке аз мушкилоти ҷиддӣ барои сокинон мебошад. Ҳарчанд барои шахси саггазида як маротиба ваксинаи ройгон аз ҷониби марказҳои саломатию беморхонаҳои шаҳру навоҳии мамлакат таъмин гардад ҳам, вале шахси бемор бо маблағи аз 80 то 120 сомонӣ панҷ маротибаи дигар ваксина харидорӣ менамояд. Инчунин ҳамлаи саг ба ҳолати равонии кӯдакону наврасони ноболиғ таъсири манфӣ мерасонад.
Тибқи иттилои масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор, дар се моҳи соли равон дар шаҳри Ҳисор 144 нафар аз ҳайвонҳо осеб дидаанд, ки сад нафари онҳо кӯдакону наврасони то 17-сола мебошанд. Бояд гуфт, ки аз ин шумора 17 нафар сокинони осебдида ба Маркази саломатии шаҳри Ҳисор муроҷиат намуданд ва ба 111 нафари он дар Беморхонаи марказии шаҳр хизмати тиббӣ расонида шудааст. Ҳамчунин дар шаҳри Ҳисор 23 нафари дигар аз гов, буз, мушу гурба ва харгӯшу асп осеб дида, барои табобат ба духтурони Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор муроҷиат намудаанд.
Мувофиқи иттилои роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, давоми семоҳаи якуми соли 2025 дар шаҳри Турсунзода 120 нафар аз ҳайвонҳо осеб дидаанд, ки 66 нафари онҳо кӯдакону наврасони то 17- сола мебошанд. Дар ноҳияи Шаҳринав 48 нафар аз сагҳои маълуму номаълум осеб дидаанд. Ҳамаи онҳо ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шуда, солим мебошанд.
Бояд гуфт, ки кормандони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат масъулият баланди касбӣ ҳис намуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоту марказҳои шаҳру ноҳияҳо сагҳои хонагиро бо ҳуҷҷатгузорӣ таъмин намуда, онҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда ваксина мегузаронанд. Ҳамчунин бо як-ду маъракаи ваксинагузаронӣ ба сагҳои номаълум ё бесоҳиб низ ваксина гузарониданд.
Инчунин кормандони Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо бояд барои нигоҳдории сагу гурбаҳои бесоҳиб шароит муҳайё намуда, дар якҷоягӣ бо кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мамлакат ва раисони маҳаллаҳо сагҳои бесоҳибро ҷамъоварӣ карда, дар ҷойҳои муайяншуда нигаҳдорӣ намоянд, то онҳо бо ваксинаҳо бар зидди бемориҳои сироятӣ фаро гирифта шаванд.
Мутаассифона, аз сабаби иҷро нагардидани ин вазифаи муҳими касбии кормандони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат, кормандони Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоту раисони деҳаю маҳаллаҳо дар ҷумҳурӣ ҳоло сагҳои бесоҳибу хонагӣ ба ҳазорон кӯдакону наврасон ҳамла намуда, ба онҳо осеб мерасонанд. Дар натиҷа ин кӯдакон ба чандин бемориҳои равонию сироятӣ гирифтор мешаванд.
Масъулинро зарур аст, ки барои ҳалли ин мушкилот ва ояндаи дурахшони кӯдакону наврасон сари вақт тадбир андешанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






