Дар конфронси Бишкек аз ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон вобаста ба масоили обу иқлим ва пиряхҳо ёдоварӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Лоиқ Раҳмонзода дар конфронси байналмилалии «Муколамаи ҷаҳонии кӯҳӣ барои рушди устувор», ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, иштирок намуда, доир ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим ва пиряхҳо сухан намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи конфронс ҳамоҳангсозии кӯшишҳои давлатҳои манфиатдор, аз ҷумла кишварҳои кӯҳӣ барои ҳамгироии рӯзномаи кӯҳӣ ба равандҳои байналмилалии иқлим, конвенсияҳои экологӣ ва рушди устувор, ҷалби таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба мушкилоти экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ ва таҳияи ташаббусҳои муштарак барои таҳкими ҳамкорӣ ва омодагӣ ба Саммити дуюми ҷаҳонии кӯҳии Бишкек 2027 «Бишкек+25» мебошад.
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирокдорони конфронси байналмилалии «Муколамаи ҷаҳонии кӯҳӣ барои рушди устувор»-ро ба Конфронси сатҳи баланди байналмилалии «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Намояндагони ҳайати кумита ҳамзамон дар чорабиниҳои канорӣ ва маросими ниҳолшинонӣ дар Парки давлатии «Ала-Арча» иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд






