Дар Панҷакент, Конибодом, Бӯстон, Ашт ва Спитамен гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир шуд

Апрель 3, 2025 14:18

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом, Бӯстон  ва ноҳияҳои Ашту Спитамен гусели ботантанаи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳияҳо хабар доданд.

Аз шаҳри Панҷакент беш аз 300 даъватшуда ба хизмати Ватан раҳсипор шуд.

«Солҳои охир сафи ҷавонони ватандӯст дар шаҳри Панҷакент зиёд гардидааст. Онҳо ба таври ихтиёрӣ ва бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳр муроҷиат намуда, омодагияшонро ба хизмати содиқона ба Ватан изҳор медоранд. Даъватшудагони имрӯза аз ҷумлаи чунин ихтиёриёни ватандӯст мебошанд»,- гуфта шуд дар ҷамъомад.

Ба як гурӯҳ даъватшудагон — хатмкардагони мактаби Ташкилоти мададгори мудофиа шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Маросими анъанавии нони насиба, машқҳои варзишии низомӣ аз ҷониби сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр бо шеъру сурудҳои ватандӯстонаю рақсҳои ҷаззоб анҷомбахши гусели гурӯҳи аввалини даъватшавандагон ба хизмати Ватан-Модар дар шаҳри Панҷакент буд.

 Дар шаҳри Конибодом низ ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор гардиданд. Ба ифтихори гусели гурӯҳи аввалини даъватшудагон дар Конибодом ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ ва қарзи фарзандии ҳар ҷавони баору номус буда, барои адои хизмати ҳарбӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи рангини аҳли фарҳангу ҳунари шаҳр идома ёфт. Иҷрои таронаҳои ватандӯстона ва оҳангҳои дилнишин ба чорабинӣ шукуҳ бахшида, руҳияи ҳозиринро баланд бардошт.

2 апрел дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон низ маросими ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни маросими гусели даъватшудагон аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ёдоварӣ гардид.

Ҳамчунин дар ноҳияи Ашт гусели ботантанаи даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки Ватани соҳибистиқлолу демократӣ ва тинҷу осуда бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад.

«Моро месозад, ки меҳани хешро ҳифзу обод намоем. Воқеан хизмат ба ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангро талаб менамояд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд»,-гуфта шуд дар ҷамъомад.

Ҷавонони далери ноҳияи Спитамен низ барои хизматбарӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Дар гусели тантанавии даъватшудагон иброз гардид, ки хизмат ба Ватан ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мактаби ҳаёт ва дарси ҷавонмардию ҷасорат аст. Чунин мафҳумро танҳо ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ софдилона хизмат менамоянд.

Дар ин замина ҷавононро зарур аст, ки ҳамчун ватандӯстони асил дарк намоянд, ки сарзамини аҷдодӣ маҳз ба нерую тавони  онҳо ниёз дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Конибодом, Бӯстон  ноҳияи Ашт ва Спитамен

Апрель 3, 2025 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»