Дар шаҳри Душанбе иҷрои «Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат» баррасӣ гардид

Апрель 5, 2025 16:48

ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раванди иҷрои «Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат» (PCI) ва дигар масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот Раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон «Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат» -ро муваффақона амалӣ намуда истодааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ, идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди бозори асъор, муътадилии сатҳи таваррум, устувории бахши молиявӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба иҷрои тавсияҳои ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва раванди иҷрои «Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат», ки бо назардошти ислоҳоти афзалиятнок бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат таҳия гардидааст, табодули назар намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 5, 2025 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид