Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Форуми минтақавии Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ барои кумитаҳои миллии олимпии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ дар шафати Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»- и пойтахт байни иштирокчиёни форум «Дави дӯстӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар «Дави дӯстӣ» намояндагони ҳайатҳои 22 давлати иштирокдори Форум иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи мусобиқа таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили «Дави дӯстӣ» (Fun Run) тарғиби тарзи ҳайёти солим, оммавигардонии варзиш ва таҳкими дӯстӣ байни ҳайатҳои иштирокчии ин чорабинии бошукӯҳи байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи ин чорабинии варзишӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот як зумра ҷавонони фаъол ва ғолибони озмунҳое, ки раёсати Форум дар самтҳои алоҳида баргузор намуд, дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома, медал ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 6 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ оғоз гардид, ки дар он варзишгарону роҳбарони сохторҳои варзишии зиёда аз 22 давлати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ иштирок намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар ҷаласаи Форум масъалаҳои сеюмин Бозиҳои Осиё байни наврасон дар давлати Баҳрайн, Бозиҳои Осиё дар толор ва ҳунарҳои размӣ дар Ар – Риёзи Арабистони Саудӣ – 2026, 20-умин Бозиҳои Осиё дар Айчӣ – Ногояи Ҷопон – 2026, барномаҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва омода намудани варзишгарон барои Бозиҳои олимпии Лос – Анҷелес — 2028 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Форум то 8 апрел идома ёфта, иштирокдорони он мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанберо тамошо менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






