Дар Тоҷикистон 3780 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд

Апрель 24, 2025 13:21

ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат  3780 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, дар соҳаҳои истихроҷ 349 адад, коркард 3257 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият менамоянд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз ин шумора 1242 адад ё 32,9 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо ба вилояти Суғд, 866 адад ё 22,9 фоиз  ба вилояти Хатлон, 822 адад ё 21,7 фоиз ба шаҳри Душанбе, 708 адад ё 18,7 фоиз ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 142 адад ё 3,8 фоиз  ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш дар маҷмуъ қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 24, 2025 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд