Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи охирини фасли баҳор чӣ гуна мешавад?

Апрель 30, 2025 09:13

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи охирини фасли баҳор- моҳи май дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, бориши борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Ҳавои имсола ба ҳавои моҳи майи соли 2005 шабоҳат дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 22 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 17 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат аз 20 то 32 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳ рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад.  Давоми моҳ дар баъзе ҳолатҳо борон, ба амал омадани раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад.

Дар   водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 22 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад.  Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ ва жола дар назар аст.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то  16 дараҷа гарм мешавад.   Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст. Дар рӯзҳои алоҳида баландшавии ҳаво то 29+34 дараҷа дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 5 дараҷа гарм мешавад.  Давоми моҳ тағйирёбии  ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона то 15 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддати вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония  аз эҳтимол дур нест.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 30, 2025 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд