Дар Тоҷикистон беш аз 900 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 997 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст. Майдони умумии гармхонаҳо 174 гектар буда, дар 117,6 гектар кишт гузаронида шудааст, ки 61,5 гектари онро помидор, 25,5 гектарро бодиринг ва 30,6 гектарро сабзавот ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сол то сол таваҷҷуҳи кишоварзон барои дар гармхонаҳо парвариш намудани сабзавоти тару тоза ва полезиҳо меафзояд. Ҳамин аст, ки дар бозорҳои истеъмолии мамлакат дар ҳамаи мавсим маҳсулоти тару тоза ба таври фаровон ба мушоҳида мерасад. Инчунин васеъ гардидани майдони гармхонаҳо аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо вобаста ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат пайваста бар он таъкид менамоянд, ки бояд заминро самаранок истифода бурда, ҳосили бештар бардорем ва дар ҷумҳурӣ чунон шароите фароҳам оварем, ки аз маводи озуқаворӣ танқисӣ накашем. Дар мамлакат гармхонаҳои мавсимӣ низ фаъолият менамоянд. Тибқи маълумоти фаврӣ, то 1 апрели имсол дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2754 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






