Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад

Апрель 30, 2025 13:51

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз»  оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир мешавад.

Дар фестивал ҳайатҳои театрии давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ҳунармандон намоишҳои худро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорон  мегардонанд.

Маросими анҷоми  фестивали байналмилалӣ 6 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 30, 2025 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд