Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ 5,1 фоиз зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи апрел дар мамлакат 376,7 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда сабт шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 18,2 ҳазор ё 5,1 фоиз зиёд мебошад.
Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ин 335 ҳазору 153 нафарро соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 16 ҳазору 651 нафар зиёд аст.
Аз ин шумораи субъектҳои хоҷагидор 53,6 ҳазор нафар тибқи патент, 38,0 ҳазор нафар бо шаҳодатнома, 62,9 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият намуда, 180,7 ҳазор нафари дигар соҳибкори инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Дар мамлакат барои рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян гардидааст. Инчунин барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ пайваста тадбирҳои созанда амалӣ мегарданд.
Тибқи таҳлилҳои иқтисодчиён, дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба амал омадаанд, дар рушди иқтисодии мамлакат нақши хеле муҳим мегузоранд. Ҳоло соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






