Деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҳалокати нафарони зиёдро пешгирӣ намудаанд

Апрель 16, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар километри 112-уми роҳи Душанбе-Чанок идораи автомобили боркаши тамғаи «Шакман», рақами давлатиаш 274 ХТ 01 бинобар нуқсони техникӣ ғайриимкон гардид. Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ сабаб гардид, ки ба дарё афтодани воситаи нақлиёт ва ҳалок шудани ронанда пешгирӣ гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Деворҳои ҳимоявӣ, ки бо ибтикори филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок бунёд шуда, дарозиашон дар айни замон ба зиёда 16 000 метр мерасад, нафарони зиёдеро аз марг наҷот додаанд.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳодисаи ягона набуда, давоми фаъолият даҳҳо ҳодисаи ба деворҳо бархӯрдани воситаҳои нақлиёт сабт шудааст. Бо мавҷуд будани деворҳои ҳимоявии Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба коми дарё рафтани 17 мошин ва ҳалок шудани беш аз 49 нафар пешгирӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳар тавора (парапет) зиёда 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои гаронвазн устувор мемонад.

АКС: Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 16, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад