Файзалӣ Идизода бо Раиси парлумони Гурҷистон ва муовини Раиси парлумони Шветсия мулоқот намуд

Апрель 8, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо муовини дуюми Раиси Парлумони Шветсия Джулия Кронлид мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот Файзалӣ Идизода таъкид намуд, ки «моро зарур аст ҳамкории худро амиқтар гардонем, масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, роҳҳои нави таҳкими муносибатҳои дуҷонибаамонро пайдо намоем. Муносибатҳои мо дар асоси барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 уфуқҳои наве касб намуданд, ки бар эҳтироми ҳамдигар ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ асос ёфтаанд.

Шветсия ҳамеша шарики муҳими Тоҷикистон дар заминаи ҳамкории башардӯстона буд.  Мо дар якҷоягӣ якчанд лоиҳаро амалӣ намудем, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии бахши кишоварзӣ нигаронида шудаанд».

Иброз гардид, ки кори мунтазам дар доираи форумҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои сатҳи баланд, аз қабили Ассамблеяи кунунии Иттиҳоди байнипарламентӣ ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намуда, барои ташаббусҳои муштарак имконияти нав фароҳам меорад.

«Мо аз ҳукумати Шветсия барои дастгирии фаъолонааш дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба худтаъминии аҳолӣ мусоидат менамояд, шароити зиндагӣ ва фароҳам овардани имконият барои рушди устувор миннатдорем. Дар баробари ин, Шветсия дар ташаккули сохторҳои демократии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути ташаббусҳои муштарак дар бахшҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ин таҷриба барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор саҳми муҳим буда, мо итминон дорем, ки ҳамкории оянда боз ҳам пурсамартар мегардад»,-гуфт Файзалӣ Идизода.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода  бо Раиси Парлумони Гурҷистон Шалва Папуашвили низ мулоқот намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ байни Точикистон ва Гурҷистон,  инчунин дурнамои тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд