Филми «Сарчашма»-и коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин» гардид

Апрель 30, 2025 09:59

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Филми «Сарчашма»-и коргардони ҷавони тоҷик Пайрав Шарифӣ дар Фестивали XIII байналмилалии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, давлатҳои Балтик ва Гурҷистон, ки аз 22 то 25 апрел дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, сазовори ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Филм истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» буда, дар бораи арзишҳои оиладорӣ ва нигоҳдории он қисса менамояд.

Нақши асосиро дар филм Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров бозидааст. Дар филм ҳамчунин ҳунармандони тоҷик Парвиз Пӯлодӣ, Усмон Қудратов, Нурулло Қараев, Ҷовидон Маҳмадов ва Зулфия Содиқова нақш офаридаанд.

Пайрав Шарифӣ коргардони ҷавон ва муваффақи тоҷик буда, филмҳои таҳиянамудааш дар ҷашнвораҳои кино борҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

 

Апрель 30, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид