Хатмкунандагони Барномаи гузариши иқлимӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд

Апрель 4, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки раиси бонк Фирдавс Толибзода, роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ҳолгер Вифел, роҳбарон ва намояндагони ташкилоти қарзии молиявии мамлакат маросими супоридани сертификатҳои хатмкунандагони Барномаи гузариши иқлимӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон дар бораи аҳаммияти рӯзафзуни маблағгузории устувор ва зарурати таҳкими механизмҳои идоракунии хавфҳои иқлимӣ барои таъмини устувории иқтисодӣ ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки мавзуи хавфҳои иқлимӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ниҳоят рӯзмарра буда, нақши иштирокдорони Барномаи гузариши иқлимӣ дар тақвияти иқтидор дар ин самт муҳим мебошад. Дар замоне, ки масъалаҳои тағйирёбии иқлим қисми таъсиррасони тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мебошанд, бонк ҳамчун сохтори асосии низоми молиявӣ дар таъмини устуворӣ ва рушди давраи дарозмуддат нақши намоёнро иҷро менамояд. Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба масъалаҳои рушди устувор ва маблағгузории «сабз», аҳаммияти онҳо барои суботи иқтисодӣ ва амнияти экологии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди ташаббусҳои «сабз» бо институтҳои молиявии байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.

Дар ҳамоиш намояндагони Барномаи гузариши иқлимӣ аз «Амонатбонк», «Бонки Эсхата», «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон», Бонки «Арванд»,  «Имон Интернешнл» ва «Ҳумо» оид ба тадбирҳое, ки дар самти ESG (идоракунии корпоративӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ) амалӣ шудаанд, инчунин нақшаҳояшон рӯнамо пешниҳод намуданд.

Дар ҳамоиш ба хатмкунандагони дарсҳои маҳорати Барномаи гузариши иқлимӣ аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон  ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд шаҳодатномаҳои иштирокдорони барнома супорида шуд. Барномаи мазкур на танҳо ташаббус вобаста ба омӯзиш аст, балки василаи стратегии таҳкими устувории бахши молиявӣ низ мебошад. Он ба бонкҳо барои мутобиқ шудан ба хатарҳои ҷаҳонии иқлимӣ кумак мерасонад.

Таъкид шуд, ки  донишҳои андӯхта ва стратегияҳои таҳияшуда дар доираи Барномаи гузариши иқлимӣ ба афзоиши устувори иқтисодӣ ва ташаккули равиши стратегии идоракунии хавфҳои иқлим дар бахши молиявии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 4, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд