Имсол дар шаҳри Кӯлоб беш аз 2 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад

Апрель 24, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 24.04.2025  /АМИТ «Ховар»/. Имсол кирмакпарварони шаҳри Кӯлоб нақша доранд, ки 2 тоннаю 700 килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол намоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи Тоҷик» дар шаҳри Кӯлоб Раҷабалӣ Абдураҳмонов иттилоъ дод, «ба сокинон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 90 қуттӣ кирмаки пилла, ки 13 килограмму 500 граммро ташкил медиҳад, тақсим карда шуд. Умед аст, ки аз ҳар қуттӣ  30 килограмм ашёи хом истеҳсол карда мешавад».

Гуфта шуд, ки 90 қуттӣ пилла ба 119 хоҷагӣ тақсим карда шудааст, ки ин 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Барои парвариши кирмак дар шаҳри Кӯлоб беш аз 5000 бех дарахти тут мавҷуд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 аз сохтору мақомоти дахлдор даъват ба амал оварданд, ки кирмакпарвариро рушд диҳанд ва махсусан барои занону духтарон ҷойи нави кор таъсис диҳанд. Сарвари давлат супориш доданд, ки давоми 10 сол заминҳои тут пурра озод ва ба коркарди пилла шуруъ карда шавад.

Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 24, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
Дар Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад
Дар Бонки миллӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд