«КОХИ НАВРӮЗ». Яке аз ҳашт муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмааи «Кохи Наврӯз» асари мукаммал, бозёфти эҷоди даҳҳо ҳунармандони асил, эҳёгари ҳунару анъанаҳои волову гуногунҷабҳаи миллати тоҷик ва муаррифи санъати меъмории тоҷик дониста мешавад. Ин маҷмаа бо ҳашамату зебоии худ чун муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шудааст. Кох бо санъати волои тоҷикӣ — гаҷкорӣ, оинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ ва чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст.
Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Он аз 5 ошёна иборат буда, дар 40 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Кохи мазкур, ки дар офаридани он 4000 усто аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон меҳнат карда, саҳми арзанда гузоштаанд, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Лоиҳаи бино аз ҷониби меъмор Самӣ Азизиён таҳия шудааст.
«Кохи Наврӯз» дорои 15 толор мебошад, ки «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» калонтарини онҳо ба шумор мераванд. Ба ғайр аз ин боз чунин толорҳо: боулинг, билярд, диско-клуб, кинотеатр 3D, 4D, 5D, кофе брейк — хонаи интизорӣ, се толори дигар барои шахсони муҳим (VIP) ва тарабхонаи замонавии аврупоӣ ба кох ҳашамати зиёд зам намудаанд.
Бинои «Кохи Наврӯз» бо шакли тоҷ сохта шудааст, ки он нишон аз тоҷдорӣ, сарбаландӣ, соҳибдавлатӣ ва баргузидагии миллати тоҷик мебошад.
Сохтмони маҷмаа 5 сол идома ёфта, аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи корпоратсияи «Сомон Душанбе» ва дигар ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда шуданд. Ҳамин тавр, 12 сентябри соли 2014 зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони далатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзо ва нозир бинои «Кохи Наврӯз» расман ба истифода дода шуд.
Дар ду паҳлуи даромадгоҳи асосии маҷмаа расмҳо ҷой дода шудаанд, ки аз замони Авасто, Куруши Кабир ва Ориён ҳикоят мекунанд. Дар қисми марказии даромадгоҳ шаршараи сунъӣ бо муҷассамаҳои ҳайвоноти гуногуни нодири Тоҷикистон бунёд гаштааст, ки ин манзара рамзи мавзеъҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ мебошад.
Толори бошукуҳу барҳавои «Зарандуд» яке аз калонтарин толорҳои маҷмаа ба ҳисоб меравад. Он 1000 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати гаҷкорӣ, гаҷкорӣ дар рӯйи оина ва тиллокорӣ ороиш дода шудааст. Баландӣ, дарозӣ ва паҳноии он 36-метрӣ мебошад. Қутри қандиле, ки дар он мавҷуд аст, 10 метр ва баландияш 22 метр буда, зиёда аз 6 ҳазору 700 килограмм вазн ва 1 600 чароғаки каммасраф ва технологияи махсусе дорад, ки барои тоза кардан, иваз кардани чароғакҳо ва дигар корҳои техникӣ поён фароварда ва ба боло бароварда мешавад.Толор 16 андар 16 ва 16 мебошад. Яъне дар толор 16 сутуни баландияш 16-метра мавҷуд аст, ки дар болои онҳо 16 нимгунбаз ҷой дода шудаанд. Инчунин дар он 16 – тоии дигар карнай, ҳавокаш, меҳроб, гунбаз, арк ва тиреза мавҷуд мебошанд, ки ҳар кадоми инҳо рамзе доранд. Ин рамзи Иҷлосияи 16 –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Он 16 ноябри соли 1992 оғоз гардид ва 16 рӯз идома ёфт. Инчунин 16 ноябр дар мамлакати соҳибистиқлоли мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Толори «Гулистон» дар ошёнаи дуюми «Кохи Наврӯз» ҷойгир аст. Масоҳати он 1 ҳазору 650 метри мураббаъро ташкил дода, он пурра бо чӯб кандакорӣ карда шудааст. Толор 45 метр дарозӣ, 36 метр паҳноӣ ва 18 метр баландӣ дорад. Дар ин толор санъати кандакории халқи тоҷик таҷассум ёфта, нишони ҳунармандӣ ва дорои анъанаи бойи ҳунарҳои мардумии миллати мо мебошад.
«Дидор» толори дигари Кох мебошад, ки дар ошёнаи 1 – уми он ҷойгир аст. Толор 1 ҳазору 108 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати вассаҷуфт, наққошӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ ва гаҷкорӣ дар рӯйи оина оро ёфтааст. Тамоми гулҳо ва санъате, ки дар ин толор истифода бурда шудаанд, нақши сирф тоҷикӣ буда, аз аҷдодонамон ба мо омада расидаанд. Фарши толор бо санги хоро ва мармар ороиш дода шуда, дар он низ пурра санъати миллӣ дарҷ гардидааст.
Ин толор ба хотири он «Дидор» ном гирифтааст, ки бино зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба истифода дода шуд ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин толор бо сарони давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур дар фазои амну осуда ва дӯстию рафоқат дидору мулоқот намуданд.
Толори навбатии Кох «Аржанг» ном дорад. Аржанг номи китоби Монӣ буда, сурат ва нақшҳои зебо доштааст, инчунин сурат ва лавҳаи наққошӣ низ маънои ин калима мебошанд. Масоҳати толор 1000 метри мураббаъ буда, дар он зиёда аз 29 намуд сангҳои нимқиматбаҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 52 ҳазор килограмм истифода шудаанд. Лоҷувард, лаъли кабуд, ақиқ, нефрит, оникс, яшми сабз, мармари сафеду сурх ва ғайра аз ҷумлаи сангҳои нимқиматбаҳое мебошанд, ки дар ин толор истифода гардидаанд.
«Кохи Наврӯз» асари мукаммалу нурбори санъати меъморӣ, наққошӣ, бозёфти эҷоди даҳҳо ҳунармандони асил ва зебоишинос буда, далели ҷонфидоӣ, эҳёгари ҳунару анъанаҳои волову гуногунҷабҳаи миллати тоҷик ба шумор меравад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»