Лоиҳаи «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои омӯзиши таҳлилии Тоҷикистон (Country Diagnostic Studies) ва лоиҳаи «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон (Country Partnership Strategy) барои солҳои 2026–2030» дар вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамото дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон ҳамзамон ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорат, иқтисод, саноати сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаҳои тиҷорати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Ашӯрбой Солеҳзода оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ маълумот дода, аз Бонки Осиёии рушд дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергетикаи «сабз», бахусус сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.
Дар доираи мулоқот Ко Сакамото изҳор дошт, ки омӯзиши таҳлилии мамлакат вазъияти кунунии иқтисодӣ ва имконоти рушди минбаъдаро ҳамаҷониба дар бар гирифта, барои таҳияи «Стратегияи шарикӣ барои солҳои 2026–2030» ҳамчун замина хизмат хоҳад кард.
Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд, бахусус дар татбиқи барномаи муштарак оид ба рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва дастгирии бахши хусусӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






