Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар Австрия иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия Конфронси 25-уми байналмилалии «Алянс вобаста ба муқовимат ба савдои одамон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд
Дар конфронс намояндагони давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ташкилоти байналмилалӣ, мутахассис-коршиносони самти муқовимат ба савдои одамон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки конфронс нишасти солонаи сатҳи баланди ҷонибҳои манфиатдор аз минтақаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аст, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи сиёсии муқовимат ба савдои одамон ва тамоюлҳои нав дар ин самт мебошад.
Мавзуи асосии конфронс муқовимат ба савдои кӯдакон буд. Мутахассисони соҳавӣ оид ба муҳимияти пешгирии савдои кӯдакон ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои барҳам додани савдои кӯдакон раванди умумиҷамъиятӣ бояд амалӣ шавад, то ба фарогирӣ ва ҳамкории бисёрҷониба мусоидат намояд.
Намояндагони Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешида барои коҳиш додани сатҳи ҷиноятҳои ба кӯдакон алоқаманд дар мавзуъҳои «Ҳифзи кӯдакон ва ташаккули ояндаи дурахшон» ва «Даъват ба қатъи савдои кӯдакон» ибрози назар намуда, иштирокчиёнро ба муқовимати дастҷамъона даъват намуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст






