Попи Рим Франсиск дар 88-солагӣ даргузашт

Апрель 21, 2025 14:55

ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Попи Рим Франсиск дар 88-солагӣ даргузашт. Тавре АЗЕРТАҶ бо истинод ба агентии «Reuters» хабар медиҳад, дар ин хусус Ватикани расмӣ иттилоъ додааст.

Дар изҳорот омадааст, ки «Попи Рим Франсиск даргузашт».

Попи Рим Франсиск 88-сола буд. Дар миёнаҳои моҳи феврал ӯ дар клиникаи «Ҷемелли»-и Рим барои табобати бемории бронхит бистарӣ карда шуд. Сипас ташхисҳо оғози пневмонияи дуҷонибаро ошкор намуданд.

Попи Рим панҷ ҳафтаро дар беморхона сипарӣ карда, чор буҳрони роҳи нафасро гузаронид. Дар ин давра ба ҳаёти ӯ ду дафъа хатар таҳдид намуд. Понтификро 23 март аз беморхона рухсат доданд, аз он вақт инҷониб ӯ танҳо як маротиба дар назди омма намоён шуд, аммо якчанд қабул дошт.

Понтифик, ки зодаи Аргентина буд, калисои католикии Римро 12 сол роҳбарӣ намуд. Понтификати ӯ кӯшиш барои ислоҳот ва мубориза бо мушкилоти дохилии калисо ба шумор мерафт.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Апрель 21, 2025 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид