Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо зарардидагони заминларзае, ки 13 апрели соли равон дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба амал омад, вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, Файзалӣ Идизода дар мавзеи зарардида дар деҳаи Ярхаби ҷуқураки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо оилаҳои зарардида мулоқот намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид. 15 апрел дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуданд.
Таъкид шуд, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои аввалин ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар идома Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода дар Беморхонаи марказии Рашт бо кормандони беморхона мулоқот намуда, бо вазъи саломатии ҳар нафари аз заминларза осебдида аз наздик шинос шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






