РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳак идома дорад
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Оҳак» сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳак бо иқтидори 100 тонна оҳак дар як шабонарӯз идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Корхона бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, масъулин талош доранд, ки онро дар муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор диҳанд.
Дар шаҳри Истиқлол инчунин аз ҷониби ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин корхона бо арзиши 50 миллион доллар бунёд мешавад. Дар он мис, сурб, нуқра ва дигар металлҳои қиматбаҳо коркард карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар ин корхона беш аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳаки Истиқлол» сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди оҳангсанг идома дорад. Ин корхона бо харҷи 55 миллион сомонӣ дар 55 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он 100 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона ба содирот нигаронида шуда, бозори фурӯш асосан давлатҳои ҳамсоя мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид






