РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳак идома дорад

Апрель 29, 2025 11:22

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026)  ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Тоҷ-Оҳак» сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳак бо иқтидори 100 тонна оҳак дар як шабонарӯз идома дорад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Корхона бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, масъулин талош доранд, ки онро дар муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор диҳанд.

Дар шаҳри Истиқлол инчунин аз ҷониби ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин корхона бо арзиши 50 миллион доллар бунёд мешавад. Дар он мис, сурб, нуқра ва дигар металлҳои қиматбаҳо коркард карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар ин корхона беш аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

Аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳаки Истиқлол» сохтмони  корхонаи истихроҷ ва коркарди оҳангсанг идома дорад. Ин корхона бо харҷи 55 миллион сомонӣ дар 55 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он 100 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона  ба содирот нигаронида шуда, бозори фурӯш асосан давлатҳои ҳамсоя мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд  

Апрель 29, 2025 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ. Дар доираи он ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ роҳҳои мошингард таъмиру барқарор карда шуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
Дар Муъминобод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши бошукуҳи адабӣ-фарҳангӣ доир гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон баргузор мегарданд