Шарҳи дуюми татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии ҷамъбастии ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор бо масъулини вазорату идораҳои бахши иқтисодии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Душанбе доир гардид, натиҷаи миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба машваратҳо тибқи моддаи IV ва шарҳи дуюми татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати Хазина барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат гуфт, ки татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат тибқи нақша доир шуда, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва ҳадафҳои ислоҳоти дар шарҳи дуюм дарҷшуда дар маҷмуъ ба даст оварда шуданд. Дар натиҷаи ислоҳоти пайгирона рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ба мушоҳида расида, сиёсати пулию қарзӣ самаранокии худро дар нигоҳдории таваррум дар сатҳи поёнтар аз доираи мақсаднок нишон медиҳад.
«Умедворем, ки тамоюли мусбати рушди иқтисоди мамлакат боқӣ мемонад, аммо муваффақияти ин талошҳо ба якчанд омил ва пеш аз ҳама, ба суботи иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон вобаста хоҳад буд. Тоҷикистон минбаъд низ барои таҳкиму устувории иқтисодиёт дар доираи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, ки ба афзудани устувории буҷет, такмили сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати қурбӣ ва сиёсати бахши молиявӣ, инчунин мусоидат ба рушди устувор ва фарогир нигаронида шудааст, тадбирҳои зарурӣ меандешад»,-иброз дошт муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоту идораҳои давлатии мамлакат низ оид ба татбиқи барнома назару пешниҳодҳояшонро баён доштанд. Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Мэтю Гартнер аз натиҷаи вохӯриҳои ҳайат бо роҳбарони вазорату идораҳо, тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳо ва дурнамои иқтисодии Тоҷикистон сухан намуда, гуфт, ки шарҳу эзоҳи пешниҳодгардида дар давраҳои минбаъдаи музокирот ба инобат гирифта мешаванд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти барномаро дарк намуда, барои татбиқи муваффақонаи он талош менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор аз 2 то 15 апрел дар Тоҷикистон қарор дошта, бо роҳбарони баъзе вазорату муассисаҳои бахши иқтисодии мамлакат машварату мулоқоти корӣ анҷом дод.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






