Шералӣ Кабир ва Ҳусейналӣ Амирӣ таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо раиси вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейналӣ Амирӣ таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноат баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон, махсусан байни шаҳрҳои Душанбе ва Шерозро, ки бародаршаҳр мебошанд ва имконияти бузурги ҳамкории саноатӣ доранд, муҳокима намуданд.
Мулоқот дар ҳошияи Намоишгоҳи зарфияти содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон -IRAN EXPO -2025 баргузор гардид.
АКС: Вазорати саноат ва технологиҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






