Соли 2025 барои занони ҳунарманди шаҳри Хуҷанд 40 грант ҷудо гардид

Апрель 18, 2025 09:59

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд барои занони ҳунарманд дар соли 2025 40 грант дар ҳаҷми 165 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ин шумора 5 грант ба маблағи 8000 сомонӣ, 10 грант ба маблағи 5000 сомонӣ ва 25 грант ба маблағи 3000 сомонӣ мебошад.

Ин тадбир тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои  Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025» амалӣ мешавад.

Барои дарёфти грант озмун доир мегардад. Озмун тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» гузаронида мешавад.

Муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо то 30 май муайян гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

 

Апрель 18, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»