Татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» баррасӣ шуд

Апрель 4, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар мамлакат, аз ҷумла ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» мубодилаи афкор анҷом дода, масъалаҳои марбутро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ин лоиҳаро иқдоми муҳимми рушд дар самти иқтисоди рақамии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки лоиҳа бо такмил додани хизматрасониҳои рақамӣ ва баланд бардоштани малакаҳо ба ҳавасмандсозии навовариҳо, беҳтарсозии алоқа ва тавсеаи имконияти ҷамоаҳо мусоидат менамояд.

Инчунин ин ташаббус ба фароҳам овардани имконоти нав дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ равона шудааст.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»