Тоҷикистон дар самти моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 39 созишномаю конвенсияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 39 созишномаю шартнома ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида, бо идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид. Бояд гуфт, ки 26 апрел Рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таҷлил мегардад.
55 сол муқаддам Конвенсияи таъсиси WIPO эътибор пайдо намуд
26 апрели соли 1970 Конвенсияи таъсиси Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (World Intellectual Property Organization, WIPO) эътибор пайдо намуд. WIPO муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид буда, доираи фаъолияташ ба рушд ва дастрасӣ ба низоми байналмилалии моликияти зеҳнӣ нигаронида шудааст.
Ташаккули соҳаи моликияти зеҳнӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ яке аз роҳҳои рушди иқтисодиёти мамлакатро ташаккули соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби шахсони лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъати раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа номиданд.
19 ихтироъкори Тоҷикистон- соҳиби медали тиллои WIPO
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ 19 ихтироъкори Тоҷикистон соҳиби медали тиллои WIPO, 9 нафар соҳиби медали тиллои ба номи В. Блинникови Идораи патентии авруосиёӣ «Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ» ва 26 ихтироъкори ҷумҳурӣ соҳиби «Нишони фахрӣ»-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Идораи патентии Тоҷикистон беш аз 500 патент ба ихтироъ, зиёда аз 100 патент ба намунаи саноатӣ, 1315 нахустпатент ба ихтироъ ва дигар ихтироъкорону соҳибмулкон супорида шуданд.
Рушди моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон
Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмини татбиқи афзалияти асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, мақсад ва вазифаҳои ояндаи самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро муайян намуда, ба рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати шарики баробарҳуқуқ, таъсиси заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба неруи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






