Тоҷикистон дар самти моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 39 созишномаю конвенсияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуд

Апрель 26, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон барои  рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 39 созишномаю шартнома ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида, бо идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид. Бояд гуфт, ки 26 апрел Рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таҷлил мегардад.

55 сол муқаддам Конвенсияи таъсиси WIPO эътибор пайдо намуд

26 апрели соли 1970 Конвенсияи таъсиси Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (World Intellectual Property Organization, WIPO) эътибор пайдо намуд. WIPO муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид буда, доираи фаъолияташ ба рушд ва дастрасӣ ба низоми байналмилалии моликияти зеҳнӣ нигаронида шудааст.

Ташаккули соҳаи моликияти зеҳнӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ яке аз роҳҳои рушди иқтисодиёти мамлакатро ташаккули соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби шахсони лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъати раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа номиданд.

19 ихтироъкори Тоҷикистон- соҳиби медали тиллои WIPO

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ 19 ихтироъкори Тоҷикистон соҳиби медали тиллои WIPO, 9 нафар соҳиби медали тиллои ба номи В. Блинникови Идораи патентии авруосиёӣ «Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ» ва 26 ихтироъкори ҷумҳурӣ соҳиби «Нишони фахрӣ»-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Идораи патентии Тоҷикистон беш аз 500 патент ба ихтироъ, зиёда аз 100 патент ба намунаи саноатӣ, 1315 нахустпатент ба ихтироъ ва дигар ихтироъкорону соҳибмулкон супорида шуданд.

Рушди моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон

Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмини татбиқи афзалияти асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, мақсад ва вазифаҳои ояндаи самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро муайян намуда, ба рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати шарики баробарҳуқуқ, таъсиси заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба неруи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Апрель 26, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид